Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Ман 3-моҳу 12 рӯз пеш бо духтаре алокаи ҷинси доштам рӯзи 12-02-2018 дар маркази Ҷумхуриявии мубориза бар зиди ВНМО тест супоридам манфи баромад боз барои эҳтиётии худ ИФА супоридам холо ҷавоби ИФА набаромадааст. Лек мегуянд, ки баъд аз 6-моҳ боз якбори дигар супоред анализатонро хатмист ба ман фаҳмонед , лек дар танам доначаҳои сурх пайдо шудаанд мехоранд ба ки муроҷиат кунам акка. Ташаккури зиёд барои машварататон хаёл кардам дар ин 3 моҳ як дарси зиндаги ва ҳамаи машваратони бар зидди касалии ВНМО-ро хуб омухтам. Ташаккури зиёд барои машварат!

Салом!

Агар тахлили ИФА супоридаи Шумо манфи барояд, бо дилпури метавон гуфт, ки дар Шумо сирояти ВНМО вуҷуд надорад, чунки баъди ин кадар рӯз ҷавоби тахлилҳои Шумо манфи мебошад. Тавсияи мутахассисон оиди баъди шаш моҳ супоридани тахлил характери эҳтиети дорад, метавонед супоред. Оиди доначаҳо, ки дар баданатон баромада Шуморо нороҳат месозанд, ба назди духтури пӯст ё духтур-аллерголог муроҷиат намоед, ки онҳо албатта сабаби ин нишонаҳоро бояд аниқ намоянд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.