Салом!
Маънои ин мафхумҳоро бояд дуруст дарк кард. ВНМО - Вируси Норасоии Масунияти Одам мебошад, ки ба организми инсон ворид шуда масунияти онро несту нобуд месозад. БПНМ - ин Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният, яъне дар натиҷаи таъсири ВНМО масунияти организм паст шуда, дар он ягон беморие ба вуҷуд меояд, ки боиси вазнин шудани ҳолати инсон мегардад. Беморие, ки ВНМО ба вуҷуд меорад - ВНМО-сироят ном дорад, БПНМ бошад яке аз давраҳои охири ин бемори буда, метавонад сабаби фавти инсон гардад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов