Салом!
Дар моҳи аввали баъди сироятшави, дар шахси гирифтори ВНМО метавонад давраи шадиди сироят ба вуҷуд ояд, ки нишонаҳои он ба монанди сироятҳои шадиди роҳҳои нафас ва ё мононуклеози сирояти бошад, ки дар муддати 2-3 хафта бе табобат гузаранд. Баъд аз ин, бемори ба давраи бенишонаги гузашта, муддати якчанд сол бе ягон нишона давом мекунад. Нишонаҳои баъди давраи бенишонаги, вобаста ба сатхи масуният ва хусусиятҳои ҳар як организми инсон, гуногун мебошанд. Дар ин давра, дар шахсони гирифтори ВНМО метавонанд бемориҳои ба монанди сил, ситомегаловирус, пневмонияи пневмосисти, токсоплазмоз, кандидозҳо, таб ва дарунравии сабабашон номаълум ва гайра пайдо шаванд, ки ҳамаи онҳо аз паст будани масуният шохиди медиҳанд. Агар дар шахс ин нишонаҳо дида шаванд, пас ӯро бояд оиди ВНМО аз тахлил гузаронид, то ин, ки саривақт сирояти ВНМО-ро муайян сохта, табобати онро сар намоянд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов