Салом!
Дар ҳама ҳолате, ки бо шахси гирифтори ВНМО алоқаи ҷинсии бе рифола баргузор гардад, хавфи сироятшави вуҷуд дорад. Дар мавриде, ки шахси гирифтори ВНМО табобати зиддиретровируси қабул мекунад ва шумораи вирус дар хунаш дар сатҳи паст карор дорад, хавфи сироятшави якчанд маротиба паст мешавад, аммо ин маъно надорад, ки бе рифола алоқаи ҷинсиро бояд анҷом диҳад. Аз ин ру, хавфи сироятшави доими мавҷуд аст ва дар ҳар як ҳолат шахс бояд худро аз сироятёби муҳофизат намояд, чунки хеҷ кас аниқ гуфта наметавонад, ки дар ин ё он ҳолат сироят ба вуҷуд меояд ё намеояд. Агар чунин ҳолат ба амал омада бошад, пас шахси тамосшуда бояд аз ташхиси ВНМО гузарад, то ин, ки маълум созад, ки сироят ёфтааст ё не.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов