Салом!
Аз руи стандартҳои амалкунанда, натиҷаи манфи оиди ВНМО баъд аз 3 моҳи тамос метавонад ҷавоби аниқ шуморида шавад, яъне агар баъди 5 ҳафта натиҷаи таҳлил манфи (яъне ВНМО нест) нишон диҳад, пас шахс бояд баъд аз 3 моҳи тамос боз як бори дигар аз ташхис гузарад. Танҳо дар ин ҳолат набудани сироятро 100% тасдиқ кардан мумкин аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов