Салом!
Нишонаҳои аввалини сирояти ВНМО метавонанд баъд аз 5-30 рузи сироятшавӣ ба монанди зуком ё дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, ва аксар вакт ба монанди мононуклеози сироятӣ сар шавад. Ин давра давраи шадиди сирояти ВНМО ном дошта, метавонад то 3-4 ҳафта давом кунад Дар ин давра ташхиси ВНМО гузоштан душвор аст, чунки дар ин давра антителаҳо дар хун пайдо нашудаанд ва тестҳо манфӣ нишон медиҳанд. Инчунин нишонахои давраи шадиди ВНМО на чандон вазнин мегузарад ва беморон ба духтур муроҷиат намекунанд. Ин давра на дар ҳама шахсони гирифтори ВНМО пайдо мешавад, ва баъд аз он беморӣ ба давраи бенишонагӣ мегузарад, то он даме, ки масуният паст шуда беморихои оппортунистӣ авч нагиранд, яъне давраи сар задани нишонаҳои клиникӣ ва давраи БПНМ (СПИД). Тибқи муқаррароти амалкунанда, таҳлил барои ВНМО бояд бо машваратҳои то тестӣ ва баъдитестӣ ҳамроҳӣ дошта бошад. Аз ин лиҳоз, вақте, ки шахс агар аз дорухона худсарона тест пайдо намояд, пас ӯ бе ягон машварат худро аз муоина мегузаронад, ва дар ҳолати мусбӣ будани тест, ин кор метавонад оқибатҳои нохуш дошта бошад, чунки одамон маълумоти кофӣ оиди беморӣ ва хусусиятҳои тестҳо надоранд. Яъне, бо сабаби он, ки аҳолӣ руҳан ва маълумотан барои худсарона тестгузаронӣ тайёр нест, фурухтани ин гуна мавод дар дорухонаҳо манъ мебошад.
Инчунин, дар имруза шароит, ҳар шахсе, ки мехоҳад худро аз муоина оиди ВНМО гузаронад, пас гузаштани чунин таҳлил барои ҳама дар ҷойҳои махсус пурра дастрас мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов