Салом!
Хавфи чунин ҳолат вуҷуд дорад, агар зан рафтори ҳавнок нисбати сироятшавии ВНМО то супоридани таҳлил ё баъд аз он дошта бошад. Яъне, агар дар вақти машварат аниқ шавад, ки зан хавфи сироятшавии ВНМО-ро то 12 ҳафтаи хомиладори ё баъд аз он дошта бошад, пас ин гуна шахсон бояд хатман дувум маротиба дар 28 ҳафтаи хомиладори аз ташхиси ВНМО гузаранд. Аз ин рӯ духтурон бояд бодиққат занони хомиладорро оиди ВНМО машварат диҳанд, то ин ки шахсони гумонбарро саривақт дарёфт намоянд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов