Салом!
Нишонаҳои номбаркардаи Шумо ба нишонаҳои ВНМО хос нестанд, аз ин ру бояд бо духтури уролог дар тамос бошед, эҳтимол ба Шумо давраи дигари табобат оиди простатит ё дигар бемории узвхои таносул лозим аст. Оиди ВНМО агар шубҳа дошта бошед, метавонед дар Маркази шаҳрии ВНМО, вокеъ дар к. А.Навои 4а (бинои МСШ №10, ошёнаи 4) тахлили хун супоред, аммо дар ин холат лозим меояд, ки ин тахлилро пас аз 3 моҳи тамоси ҳавнок, тақроран супоред, то ин, ки пурра шубҳаро аз байн бибаред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов