Оиди ВНМО/БПНМ
Меҳмон
22.10.2013
ман як духтарака нагз дидаам мехохам ки бо у издивоч кунам, лекин фахмидам ки у ба бемории ВНМО гирифтор шудааст. ба у хуни касеро додаанд ман чи кор кунам?
Агар шумо ин духтаракро дархакикат дуст доред ва мехохед, ки оиладор шавед, ин хукуки шумост. Ягон конун ва ягон шахс ба шумо мамоният карда наметавонад. Лекин, шумо бояд донед, ки ВНМО хангоми алокаи чинси мегузарад, ва эхтимолияти сирояти шумо бо ВНМО хангоми хамхоба шудан бо шахси ВНМО сироятшуда пайдо мешавад. Агар шумо хохед, ки ба ин духтар оиладор шавед ва намехохед, ки сироят ёбед, шумо метавонед хангоми алокахои чинси аз рифола истифода баред, аммо, дар ин холат шумо наметавонед якчоя фарзанд барпо намоед. бо эхтиром, Аличон
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо