Оиди ВНМО/БПНМ
насим
08.11.2013
Пас аз анчом ёфтани маблагузории Фонди глобали дар Чумхурии Точикистон ки ухдадор мешавад ки шахсоне ки бо ВИЧ зиндагони мекунанд бо доруворихои зиди ретровируси таъмин намояд. Оё Хукумати чумхурии Точикистон метавонад ки аз хисоби маблагхои худ шахсони гирифтори ВНМО-ро бо доруворихои зидди ретровируси таъмин намояд???
Ассалом алейкум, Саволе, ки шумо додед, дар хакикат хамаи моро дар айни замон ба ташвиш меорад. То имруз аз хисоби бучаи давлат барои харидории маводхои дорувори барои табобати зиддиретровируси ягон маблаг чудо карда нашудааст. Маблагхое, ки аз чониби Хазинаи Глобали чудо карда мешаванд, то охири соли 2015 басанда мебошанд. Холо, аз чониби Вазорати тандурустии ЧТ дархости нав барои солхои минбаъда барои чорабинихои пешгирикунанда ва давом додани табобати зиддиретровируси омода карда истодааст. Аз руи конуни ЧТ табобат барои шахсони ВНМО сироятшуда ройгон мебошад, ва пас аз анчоми лоихахои Хазинаи Глобали давлат ухдадор аст, ки табобати ингуна беморонро аз хисоби маблагхои бучави давом дихад. бо эхтиром, Аличон
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо