Оиди ВНМО/БПНМ
Насим
17.12.2013
Салом мехостам фахмам чарохи бо кавле кесерво сечение ин барои солим гирифтани тифл аз зане ки гирифтори ВНМО хаст хатми хаст ё ин ки метавонад тавалуд кунад тифли солим мустакилона дар кадом вакт зане ки гирифтори ВНМО хаст метавонад мустакилона тифлоро бе сироятёбии ВНМО ба дунё орад
Ассалом! Буриши кайсари (кесарево сечение) метавонад хавфи сироятшавии тифлро 2-4 баробар паст намояд, барои хамин гузаронидани он дар холатхое, ки зан дар вакти хомиладори таботаи зиддиретровируси кабул накарда бошад, хатмист. Дар мавриде, ки зан аз мухлатхои аввалаи хомиладори табобати зиддиретровируси кабул кунад, ва дар 36 хафтаи хомиладори сарбории вируси аз 1000 нусха/мл камтар бошад, он гох таваллуд бо рохи табии гузаронидан мумкин мешавад. Аммо дар тамоми холатхо пеш аз хама хохиши зан меистад, яъне хам чаррохи ва хам таваллуди табии дар мавриди розигии зан баргузор мегардад. Бо эхтиром, Умед Талбов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо