Салом!
Пеш аз хама бояд гуфт, ки тахлили лаборатори барои СПИД нею барои дарёфт намудани ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) мегузаронанд. Бемории сил яке аз нишондихандахои асосие мебошанд, ки шахси гирифтор ба онро бояд хатман аз муоинаи ВНМО гузаронанд. Сабаби ин дар он аст, ки дар шахсони гирифтори ВНМО сар задани бемории сил эхтимоли калон дорад, чунки бемории сил он вакте фаъол мешавад, ки масунияти бадани инсон паст шавад, чи тавре, ки ин холат дар бемории ВНМО-сироят ба амал меояд. Агар шахси гирифтори бемории сил хамзамон сирояти ВНМО дошта бошад, пас дар ин холат у бояд аз ВНМО низ табобат кабул кунад, ва танхзо дар ин холат бемории сил метавонад комилан табобат шавад. Яъне, аз ташхиси ВНМО гузаштани шахси гирифтори бемории сил, танхо ба фоидаи ин шахс мебошад, на ба ягон максади дигар.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.