Салом!
Доруворихои зиддиретровирусие, ки имрузхо аз тарафи ТУТ (ташкилоти умумичахонии тандурусти) тавсия мешаванд ба се гурух таксим шудаанд:
1. ИНТБ (ингибиторхои нуклеозидии транскриптазаи баръакс), ба забони руси НИОТ (нуклеозидные ингибиторы обратной транскриптазы)
2. ИГНТБ (ингибиторхои гайринуклеозидии транскриптазаи баръакс), ба забони руси ННИОТ (ненуклеозидные ингибиторы обратной транскриптазы)
3. ИП (ингибиторхои протеаза), ба забони руси ИП (ингибиторы протеаза).
Ба хар як ин гуруххо якчанд дорувори таалук дорад, ки истифода аз онхо ба хар як шахс ин ё он накшаи табобат тавсия карда мешавад. Асоси ТЗРВ (табобати зиддиретровируси) дар он аст, ки дар накшаи табобат на кам аз се дорувори истифода бурда мешавад, то ин, ки он фоидаовар шавад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.