Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Ба омоси Капоши хангоми сирояти ВНМО хос аст?

Салом!

Омоси Капоши бемории системави буда аслан бо иллатёбии пусти бадан чараён мегирад.

Барангезандаи он вируси герпеси намуди 8 (тип 8) аст. Саркома Капоши бемориест, ки то 40-60% дар байни шахсони гирифтори ВНМО, ки масунияти баданашон хеле паст шудааст дидан мумкин аст. Ташхиси онро аслан аз руи намуди зохирии омосхо мондан мумкин аст. Дар пуст аслан папула ва гиреххои суп-сурх ё бунафшранг пайдо мешаванд. Ин дамидахо метавонад дар луобпардахои дахон низ пайдо шавад ва онхо бедард мебошанд.  Табобати Саркома Капоши: агар шахс гирифтори ВНМО бошад, хатман табобати зиддиретровируси таъин намудан лозим аст. Дар холати баланд шудани масуният бемори метавонад табобат ёбад. Инчунин, бемор бояд тахти назорати духтур-онколог бошад.

Маълумотхои бештарро дар сурогахои зерини интернет ёфтан мумкин аст:  http://oncoportal.net/illness/seek/id/194.html ва http://www.primamunc.ru/public/dermatol/dermatol-0756.shtml 

Бо эхтиром, 
Умед Талбов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.