Ассалом!
Нишонахои аввалини сирояти ВНМО метавонанд баъд аз 5-30 рузи сироятшави ба монанди зуком ё дигар сироятхои шадиди роххои нафас, ва аксар вакт ба монанди мононуклеози сирояти сар шавад. Ин давра давраи шадиди сирояти ВНМО ном дошта метавонад то 3-4 хафта давом кунад Дар ин давра ташхиси ВНМО гузоштан душвор аст, чунки дар ин давра антителахо дар хун пайдо нашудаанд ва тестхо манфи нишон медиханд. Инчунин нишонахои давраи шадиди ВНМО на чандон вазнин мегузарад ва беморон ба духтур мурочиат намекунанд. Ин давра на дар хама шахсони гирифтори ВНМО пайдо мешавад, ва баъд аз он бемори ба давраи бенишонаги мегузарад, то он даме, ки масуният паст шуда беморихои оппортунисти авч нагиранд.
С уважением,
Умед Талбов