Салом!
Ба маркерхои хоси лаборатории ВНМО дохил мешаванд: гузаронидани ТИФ (тахлили иммуноферменти) ва ИБ (иммуноблот) оиди ёфтани антителахо нисбати гликопротеидхои сатхии ВНМО - gp120, gp41, gp160, ва сафедахои p24. Маркерхои антигении ВНМО, ки аз хама барвакт дар 2-8 хафтаи сироятёби пайдо мешавад ин сафедаи р24 мебошад, ки дар натичаи тахлилхо муайян намудан мумкин аст.
Маркерхои гайримахсусии ВНМО ин пастшавии шумораи хучайрахои СД4 ва зиёдшавии сарбории вируси дохил мешаванд, ки аз чараёнёбии бемори шаходат медиханд.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.