Cалом!
Бо мурури замон дар сохаи ВНМО-сироят бисёр навигарихо низ пайдо шудаанд. Аз он чумла намудхои нави тестхо, ки кодир хастанд дар мухлатхои кутохи баъди тамос сиряотёбиро аник намоянд. Айни хол асосан тест-системахои насли 3 ва 4 истифода мешаванд, ки то 3 мохи баъди тамос метавонанд аллакай чавоби аник диханд. Аз ин лихоз, айни замон фахмиши "100% аник шудани ташхис баъди 6 ё 12 мох" нодуруст мебошад, чунки дар чумхурии мо тестхои навтарин истифода мешаванд, ки муддати 3 мохи аввал пурра метавонанд ташхисро аник намоянд. Бо сабаби ин агар баъд аз се мохи тамос чавоби ташхис манфи бошад, пас такроран супоридани он хочат надорад ва шахс метавонад ором бошад, ки у гирифтори ВНМО нест.
Оиди саволи дуюм. Чи хеле дар боло кайд кардем 3 мох ин давраи нихони (период окна) хисоб мешавад, ки дар ин муддат шахс гирифтори ВНМО хасту, аммо ташхис метавонад нишон надихад. Баъди се мох бошад, аз сабабе, ки айни замон тестхои наслхои нави баландсифат истифода мешаванд, дар хама холат ташхис чавоби аник медихад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов