Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом, дар интернет дар бисёр сайтҳо менависанд, ки анализ оиди ВНМО танҳо бад аз 12 моҳ ҷавоби 100% медиҳад. Дар мо бошад 3 моҳ меҳисобанд. Илтимос ба ман фаҳмонед кадомаш дуруст аст? Холатҳое мешавад, ки агар шахс алоқаи ҷинси дошта бошад бад аз 3 моҳ не, бад аз 5,6 моҳ ё зиёдтар ВНМО пайдо шавад? Рахмат!

Салом!

Бо мурури замон дар сохаи ВНМО-сироят бисёр навигарихо низ пайдо шудаанд. Аз он чумла намудхои нави тестхо, ки кодир хастанд дар мухлатхои кутохи баъди тамос сиряотёбиро аник намоянд. Айни хол асосан тест системахои насли 3 ва 4 истифода мешаванд, ки то 3 мохи баъди тамос метавонанд аллакай чавоби аник диханд. Аз ин лихоз, айни замон 100% аник шудани ташхис баъди 6 ё 12 мох нодуруст мебошад, чунки дар чумхурии мо тестхои навтарин истифода мешаванд, ки муддати 3 мохи аввал пурра метавонанд ташхисро аник намоянд. Бо сабаби ин агар баъд аз 3 мохи тамос чавоби ташхис манфи бошад, пас такроран супоридани он хочат надорад ва шахс метавонад ором бошад, ки у гирифтори ВНМО нест.   

Бо эхтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.