Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом Алейкум! Мебахшен акаи Умед ба бушо як ду савол доштам. Илтимос аломатхои ВНМО-ро нависед. Ман касали Спидофобия шидам. 5 мох пеш алокаи чинси доштам, бад аз 3 мох оиди ВНМО (экспресс тест) анализ супоридам. Чавоб тоза баромад. Духтур гуфт бад аз 6 мох боз такроран супоред. Ман наметавонам ором шавам. Сарам хар руз дард мекунад. Насиб 6 мох шавад боз такроран супорам мегум. Шумо чи маслихат медихед?? Рахмати колон. Саломат бошед!!

Ассалом!
Аз он лихозе, ки айни замон барои ташхиси ВНМО тестхои наслхои нав, ки хассосияташон баланд аст, истифода мебаранд, хочати 6 мох интизор шудан нест, чунки давраи нихони (период окна) барои ин тестхо 3 мох аник шудааст, яъне агар шахс гирифтори ВНМО бошад, пас, аз хама дер баъди 3 мох ташхис аник нишон медихад. Агар тахлили хуни Шумо пас аз 3 мох тоза нишон дода бошад, пас метвонед пурра ором бошед, ки гирифтори ВНМО нестед.    
Аломатхои аввалини ВНМО метавонанд баъд аз чан рузи сироятшави ё баъди 1-2 мохи аввал пайдо шаванд. Ин нишонахо ба монанди беморихои зукоммонанд ва ё мононуклеози сирояти мебошанд ва муддати то 2-3 хафта давомноки доранд. Пас аз ин давра давраи бенишонагии бемори сар шуда то якчанд сол (3-15 сол) давом мекунад, то он даме, ки масуният пас шуда беморихои оппортунисти пайдо нашаванд.    

Бо эхтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.