Салом!
Дар давраи хомиладории зане, ки гирифтори ВНМО аст, аз тарафи мутахассисони марказхои СПИД табобати пешгирикунандаи сирояти кудак аз модар бо доруворихои зиддиретровируси гузаронида мешавад. Ин табобат агар саривакт огоз гардад, таваллуди кудак бидуни чаррохии буриши кайсари (кесарево сечение) имконпазир мегардад. Ин кор хатман, бояд зери назорати мутахассисони марказхои СПИД ва духтурони занона гузаронида шавад.
Агар зан дар мавриди аз ташхис гузаштан солим бошад, яъне ВНМО надорад, пас гузаронидани чорабинихои дар боло кайдшуда низ ба у лозим нест.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.