Салом!
Бемории ВИЧ/СПИД ин бемории нав мебошад. Агар таърихи пайдошавии ин бемориро нигох кунем, одамизод оиди мавчуд будани ингуна бемориро дар солхои 80-уми асри гузашта фахмид. Ба хамагон маълум аст, ки хар як бемори гурухи хатарнок ва гурухи осебпазир дорад. Барои бемории ВИЧ/СПИД гурухи хатарнок ин шахсоне, ки маводхои мухаддирро бо рохи тазрики истифода мебаранд, ин шахсоне, ки тачрибаи алокахои чинсии бемухофизатро зуд зуд амали менамоянд, ин мардоне, ки бо мардон алокаи чинси доранд, мебошанд. Сабаб дар чист? Сабаб дар он аст, ки ин шахсиятхо назар ба шахсони дигар рафтори хатарноки чинси ё тазрикии бештарро доранд. Оид ба саволи шумо дар бораи махфи будани сироятшавии ингуна беморон гуфтан чоиз аст, ки сабаби ошкор накардани бемории онхо ин тайёр набудани худи чомеа оиди рафтор нисбати ингуна беморон, баланд будани табъиз ва тамгагузори нисбати одамоне, ки бо ВНМО зиндаги мекунанд. Конун ва дигар хуччатхои байналмиллалию милли махз барои мухофизат намудани хукуки ингуна беморон равона карда шудааст. Гуфтан зарур аст, ки сол то сол сатхи табъиз ва тамгагузори аз чониби ахоли нисбати ин беморон паст гашта истодааст, аммо то хол дар сатхи баланд мебошад. Мо, хамчун кисми чудонашавандаи чомеаи шахрванди бояд ба ингуна беморон дасти худро дароз намоем, барои он, ки ин одамон дар чои аввал бемор мебошанд. Умед дорам, ки ба саволи шумо пурра чавоб додам ва шумо низ фикру рафтори худро нисбати ингуна беморон дигаргун менамоед.
Бо эхтиром,
Алиджон Солиев.