Салом!
Яке аз илтихоби шуше, ки ба беморони гирифтори ВНМО бисёртар хос аст, ин пневмонияи пневмосисти (ПП) мебошад, ки дар мавриди паст шудани масуният авч мегирад. Аломати асосии ПП ин нафастангии бемор мебошад, ки вазнинии он харгуна метавонад бошад. Гохе беморро хатто дар чои хоб, бе ягон сарбори, нафастанги азоб медихад. Дар аввал харорати бадан метавонад муътадил бошад, аммо охиста-охиста баланд шуда то ба 39-40 мерасад. Аммо, дар даврахои аввал аз дигар илтихобхои шуш фарк намудани ПП мушкил аст, чунки тагиротхои клиикию-рентгенологи дертар пайдо мешаванд. Барои хамин зарур аст, ки дар шахсони гирифтори ВНМО оиди ин бемори фаромуш накарда, тахлилхои заруриро бояд гузаронд ва табобатро саривакт сар намудан лозим аст.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.