Салом!
Дар бисёр маврид аз сироятшавии инсон ба ВНМО пай бурдан мушкил аст, чунки бемории ВНМО-сироят аломатхои хоси худро кариб ки надорад. Аз нишонахо пай бурда мешавад, ки масунияти инсон паст аст, аммо сабаби он ВНМО буданро танхо бо супоридани ташхиси хун аник кардан мумкин аст. Аз ин лихоз, агар инсон хохад фахмад, ки гирифтори ин сироят хаст ё не, у бояд хатман аз ташхиси лаборатори гузарад, яъне хун супорад. Хамзамон, бояд фаромуш накард, ки то се мохи аввали сироятшави, яъне баъд аз тамос, ташхиси лаборатори метавонад нодуруст нишон дихад, яъне ташхис манфи мебарояд, аммо инсон гирифтори вирус аст. Аз ин сабаб, шахси дар тамосбуда бояд хатман баъд аз се мохи тамос боз як бори дигар ташхиси хун супорад.
Нишонахои паст будани масуният гуногун мебошанд: таб ва дарунравии сабабашон номаълум, ки зиёда аз 1 мох давом мекунанд, дар инсон беморихои оппортунисти авч мегиранд, аз кабили сил, ситомегаловирус, токсоплазмоз, пневмонияи пневмосисти, саркома Капоши ва гайра, инчунин шахс тез логар мешавад. Дар мавриди пайдо шудани ин нишонахо, бояд албатта аз ташхиси ВНМО гузашт.
Бо эхтиром,
Умед Талбов