Ассалом!
Сабаби табобатнашаванда будани ВНМО дар он аст, ки то хол доруворие пайдо нашудааст, ки ин вирусро тавонад пурра дар организми инсон несту нобуд созад. Дар ин раванд дар чахон бисер олимон корхои тадкикоти бурда истодаанд, аммо айни замон онхо чунин табобатро пайдо накардаанд.
Дар имруза шароит ягона табобати таъсирбахш нисбати ВНМО ин ТЗРВ (табобати зиддиретровируси) мебошад, ки фоиданокии он пурра тасдик шудааст ва онро ба хар як шахси ВНМО-сироятшуда дар холати зарури пешниход менамоянд. Ин табобат чи хеле, ки маълум аст вирусро тамоман нест намекунад, балки он танхо намегузорад, ки вирус масунияти инсонро паст намояд, ки дар натича шахси гирифтори ВНМО метавонад саломат умр ба сар барад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов