Салом!
Дар холати пош хурдани хун ё дигар махлулхои биологи амалиётхои зеринро ичро намоед:
Пошхури ба пусти осебнадида:
Дархол чои хунпошхурдаро шуед.
Дар холати набудани оби равон чои захмбардоштаро бо малхам ё махлули дастшуи безарар гардонед.
Истифодаи маводи таъсирашон кавии ба монанди: спирт,махлулхои сафедкунанда ва йод мумкин нест. Чунки онхо ба кисмати болоии чои захм осеб расонида, холаташро бадтар мекунанд.
Истифода баред: маводхои камкувваттари безараргардонандаро аз кабили махлули хлоргексидин глюконати 2-4%
Мумкин нест: чои алокаро молиш ё фишор додан .
Мумкин нест: баста мондан.
Пошхури ба чашм
Дархол чашмро бо об ё махлули физиологи шуед. Нишаста, саратонро ба кафо партофта аз хамкасбатон хохиш кунед, ки охиста ба чашматон об ё махлули физиологиро рехта истад; то ки об ё мањлули физиологи аз зери милки чашмонатон шорида истад ва шумо хар лањха милки чашмонатонро эхтиёткорона кашиш дињед.
Линзахои чашмонатонро дар вакти шустан нагиред, чунки онхо дар айни замон девораи мухофизатиро ташкил медиханд. Пас аз он ки чашмонатонро шуста шудед, баъд линзахоро гирифта ба таври мукаррари безарар намоед; баъди ин онхо барои истифода дар оянда тамоман бехатаранд.
Мумкин нест: чашмонро бо обу собун ва махлули безараркунанда шустан
Пошхури ба дахон:
Махлули ба дахон афтидаро дархол туф кунед.
Дахонро бо об ё махлули физиологи тоза чаиконда аз нав туф кунед. Чаиониданро боз чанд маротиба такрор кунед.
Мумкин нест: барои шустан собун ва махлули безараркунандаро истифода намудан.
(Дастур оиди гузаронидани пешгирии сироятшави аз ВНМО баъди тамос дар чои кор. Фармони ВТ ЧТ №597 аз 03.09.2009 сол).
Баъди гузаронидани чорабинихои дар боло зикршуда, хатман ба маркази СПИД мурочиат намоед, то ин ки мутахассис оиди таъиноти доруворихои зиддиретровируси барои пешгирии баъдитамос хулосаи худро барорад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.