Салом!
Аз руи тамоми хуччатхои меъёрию хукуки, ки холо дар асоси онхо кор бурда мешавад, ташхиси ВНМО-сироят танхо дар асоси тахлилхои лаборатори, алалхусус тахлили иммуноблоттинг тасдик карда мешавад. Яъне, то он даме, ки ин тахлилхо тасдик нашаванд, мо ба шахс гуфта наметавонем, ки у гирифтори ин бемори мебошад. Дар асоси нишонахои клиники бошад, мутахассис танхо метавонад аз будан ва набудани ин вирус дар организми инсон гумонбар шавад, ва баъдан ба супоридани ин ё он тахлил шахсро равона намояд. Нишонахои клиникии ВНМО-сироят вобаста ба мархилаи бемори буда, гуногун мебошанд, ки дар саволхои пешина мо оиди онхо чавоб дадаги хастем. Оиди тахлилхои лаборатории ногуфта намонад, ки холо дар тамоми манотики чумхуриямон ин тахлилхо дастраси ахоли мебошанд, ва хар нафаре, ки хохиши супоридани ин тахлилхоро дошта бошад, метавонад ба марказхои СПИД мурочиат намуда аз ташхис гузарад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.