Ассалом!
Албатта бемории ВНМО бемории сирояти мебошад, аммо аз руи конуну коидахои амалкунанда шахси гирифтри ВНМО бояд аз руи нишондодхои клиники дар беморхонахои дахлдор табобат намоянд, яъне агар ягон бемории пуст дар у авч гирад, бояд дар беморхонахои пуст табобат намоянд, агар бемории сил пайдо шавад дар беморхонаи бемории сил, беморихои чаррохи бошад дар чарроххонахо ва гайра. Дар беморхонаи сирояти шахси гирифтори ВНМО дар он холат бистари мегардад, ки ягон бемории сирояти дар у пайдо шавад. Албатта дар хамаи ин холатхо духтурони ин беморхонахо бояд аз мубтало будани бемор ба ВНМО хабардор бошанд, чунки дар вакти таъиноти табобат ин холат дар назар гирифта мешавад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.