Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Акаи Умед, ба шумо як савол дорам, ман бо як духтар се маротиба алоқа намудам, ҳар як алоқаи кардаам. 10 рӯз пас буд якум маротибае ки алоқа намудам бе рифола буд, ва ду маротибаи дигар бо рифола, ман дар бораи ВНМО ягон маьлумот надорам, ва намедонам ки вай духтар гирифтори ин бемори ҳаст ё не, аз оҳирон маротибае, ки бо у алоқа намудам як моҳ мегузарад ором нестам, рафта тести хун супорам ё не, шумо чи тавсия медиҳед? Ва агар у духтар ин бемориро надошта бошад, ман гирифтори ин бемори шуда метавонам?

Cалом!

Агар аз руи гуфтахои Шумо хисоб намоем, аз якум алокаи берифолаи Шумо кариб 2 мох гузаштааст. Дуюм ва сеюм алокаатон бо рифола буд, яъне хавф кариб ки нест. Аз ин лихоз айни замон метавонед аз ташхис гузаред ва чавоби ин ташхис кариб, ки ба шумо чавоби аник медихад, ки якум маротиба сироят ёфтаед ё не. Агар чавоби ташхис манфи нишон дихад, яъне сироят нест, пас ба Шумо боз лозим меояд, ки баъди 2 мохи дигар боз як бори дигар барои дилпури аз ташхис гузаред, яъне пас аз се мохи баъди алокаи охирин, гарчанде ин алока бо рифола буд ва хавфи сироят паст аст.
Ба чавоби дуюми Шумо чунин посух медихам, ки агар шахсе, ки бо у алокаи чинси ё бо хуни он тамос дошта бошед, ва агар дар у гирифтори сирояти ВНМО набошад, пас шахси тамосшуда гирифтори ВНМО шуда наметавонад, яъне барои сироят ёфтан бояд, ки бо шахси гирифтори ин вирус тамос ба амал ояд. Аз ин лихоз, агар он духтар сироят надошта бошад, пас аз у ин сироятро гирифтан номумкин мебошад. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.