Ассалому аллейкум!
Албатта, чунин холатхо мушкилихои зиёдеро ба мутахассисон пеш меоранд. Дар ин холат, пеш аз хама, бояд беморро аз вобастагии героин рахои дихем, то ин ки у бо акли солим ба ТЗРВ (табобати зиддиретровируси) тайёр шавад. Айни хол, мумкин аст шахсро барои табобати ивазкунандаи метадон равона кунем. Ин имконият медихад, ки баъд аз чанд муддат уро ба ТЗРВ чалб намоем, зеро дар барномахои метадон бо у психологхо ва дигар машваратчиён кор карда оиди ТЗРВ тайёр мекунанд, хамзамон метадон итифода бурда саломатиаш нисбати вобастагии героин хуб мешавад ва ин барои фоидабахшии ТЗРВ низ мусоидат менамояд.
Маълумоти зиёдтарро метавонед дар саволи №410 низ дарёфт намоед.
Бо эхтиром,
Умед Талбов