Ассалому аллейкум!
Ба монанди ин дар фазои интернет маколахо зиёданд ва нафарони бо чунин фикррониро хамчун "СПИД-диссидентхо" меноманд. Хамзамон, Шумо дар интерент бисёр маколаю навиштачотхоро ёфта метавонед, ки одамон ва олимон ба мукобили ин гуна маколахо чавобхои мукаммалро пеш меоранд. Яке аз чунин чавобхо дар ин чо: https://vk.com/topic-42895_21826153. Фикри шахсии ман бошад, дар он аст, ки мо чи хеле ин вирус ё ин бемориро ном нагирем, дар тачриба мо чунин одамонро дида истодаем, ва хама он нишонахое, ки дар китобхо навиштаанд, мо мебинем. Инчунин, он табобате, ки имруз барои ин бемори пешниход менамоянд,ТЗРВ ( табобати зиддиретровируси), дар холати истеъмоли он, саломатии шахси гирифтори ин вирус хуб мешавад ва у метавонад кору фаъолияти худашро давом дихад. Ин аз он шаходат медихад, ки ТЗРВ дар хакикат фоиданок аст, ва ба ин хазорхо намунахоро шохид овардан мумкин аст. Агар, чи тавре, ки аз макола бар меояд, вирус вучуд надошта бошад, пас дар кадом асос ин доруворихо фоида меоранд, чунки тасдик шудааст, ки ин доруворихо танхо пеши рохи ВНМО-ро гирифта метавонанд, на ин ки масунияти одамро баланд бардоштан. Яъне, чизе хаст, ки масунияти одамро пас мекунад ва ин доруоворихо пеши онро мегиранд. Фикр мекунам, ки аз хондани чунин маколахо барои шахси сироятшуда зарар зиёд аст, чунки у метавонад аз бовари оиди ВНМО-гирифторбудани худ боз монад, ва ин боиси бад шудани саломатиаш мегардад. Аз ин лихоз, мо бояд донем, ки на хама он чизе, ки дар интернет навишта мешавад, хакикат мебошад, ва хар як шахс бояд акли солимро пеш бурда, бахри саломат буданаш мубориза барад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов