Салом!
Номи пурраи бемори ин ВНМО-сироят (ВИЧ-инфекция) мебошад. ВНМО бошад, номи вирус буда, таъсири онро ба организм мефахмонад, яъне вирусе, ки ба норасоии масунияти одам оварда мерасонад. Пеш аз ВНМО аввал термини БПНМ (СПИД) пайдо шуда буд, чунки баъд аз дарёфт намудани беморони аввалин соли 1981 дар Амрико, олимон намедонистанд, ки чаро дар шахсони чавон беморихое, дида мешаванд, ки аз пастшавии масуният вобастаги доранд. Он вакт сабаби вируси доштани ин холатхо муайян нашуда буд, барои хамин соли 1982 ин бемориро хамчун БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният) ном гузоштанд. Соли 1983 олимон аник намуданд, ки сабаби БПНМ ин вирус мебошад ва вобаста аз ин соли 1987 Ташкилоти умумичахонии тнадурусти ин вирусро хамчун ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) ном гузошт.
С уважением,
Умед Талбов