Салом!
Аввалин дору барои табобати ВНМО ин зидовудин (Retrovir, ZDV, AZT) мебошад, ки онро соли 1964 барои табобати беморихои саратон ихтиро намуда буданд, ва соли 1985 баъд аз гузаштани тадкикотхои клиники, онро барои табобати бемории ВНМО истифодабариро сар карданд. Зидовудин ба гурухи ингибиторхои нуклеозидии транскриптазаи баръакс дохил мешавад. Дар саршавии солхои 90-уми асри гузашта боз якчанд доруворихои ин гурух ихтиро шуданд. То соли 1996 дар табобати ВНМО яке аз ин дорувориоро истифода мебурданд, яъне монотерапия буд. Аз соли 1996 бошад, бо пайдошавии ингибиторхои протеаза, дар накшаи табобати ВНМО на кам аз 3 дорувори истифода бурданро сар карданд, ки ин тачриба то хол давом дошта, натичахои хуби клиникию лабораториро нишон медихад.
С уважением,
Умед Талбов