Салом!
Айни замон гуфтан мумкин несть, ки фавти одамон аз бемории ВНМО афзоиш меёбад, чунки тадкикотхо нишон медиханд, ки аз замони пайдоиши ТЗРВ (табобати зиддиретровируси), фавт аз хисоби беморони ВНМО куллан тагир ёфта ба пастшави ру ниходааст. Аммо мутаасифона, то хол хастанд, бемороне, ки онхоро дар даврахои терминалии ин бемори ташхис гузаронида муайян мекунанд, ки дар ин холатхо аз фавтидан рахои додани онхо кори мушкил мешавад ва гарчанде ба онхо ТЗРВ-ро хам таин намоянд, аксарияти онхо мефавтанд. Барои хамин, бисёр хам мухим аст, ки дар байни ахоли корхои фахмондадихи оиди нишонахо ва ташхиси ин бемори бояд афзуда шаванд, то ин ки хар як шахс аз ташхиси ВНМО гузашта, мавкеи саломатии худро нисбати ин бемори аник намоянд, ва дар холати зарури табибон тавонанд, ки ба гирифторони ин бемори саривакт табобати заруриро таин намоянд.
Бо эхтиром,
Умед Талбов