Салом!
Дар чунин холат пеш аз хама чое, ки дар он хун пош хурдааст зери оби равон бо собун шустан лозим аст, дар холати набудани оби равон чои захмбардоштаро бо малхам ё махлули дастшуи безарар гардонед. Истифодаи маводи таъсирашон кавии ба монанди спирт, махлулхои сафедкунанда ва йод мумкин нест, чунки онхо ба кисмати болоии чои захм осеб расонида, холати захмро бадтар карда метавонанд. Инчунин фишурдан ва шакидани чои осебдида низ мумкин нест. Маводхои камкувваттари безараргардонандаро аз кабили махлули хлоргексидин глюконати 2-4% истифода намудан чоиз аст. Баъд аз ин ходисаи рухдодаро ба дафтари махсус кайд намуда ба шахси мутасаддии муассиса хабар дода, ба маркази БПНМ (СПИД) махалли мурочиат намудан лозим аст, то ин ки дар он чо ба шахси осебдида бо дорухои зиддиретровируси пешгирии баъдитамос (ПБТ) гузаронида шавад. ПБТ бояд муддати 2 соати аввали баъди тамос таъин карда шавад, аммо на дертар аз 72 соати баъди тамос. Тамоми машварат оиди давомноки ва доруворихо барои ПБТ аз тарафи мутахассисони маркази БПНМ дода мешавад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов