Салом!
Мутаасифона дар савол маълум нест, ки Шумо аз хисоби кадом кудакхо "аксарият" гуфта дар назар доред. Агар ракамхои расми ва аник дощта бошед, мехостам пешниход намоед. Дар акси хол, чунин гуфтан мумкин нест, ки аксарияти кудакон гирифтори бемории ВНМО мебошанд, чунки агар ба ракамхои омори расми назар намоем, пас кудакони то 0-14 сола кариб 7,8%-и гирифторони ВНМО-ро дар Точикистон ташкил менамоянд, кудакони то 5 сола бошад 5,6%. Ин нишондодхо дар холе мебошанд, ки дар дунё кудакони гирифтори ВНМО кариб 10% шумораи умуми гирифторони ВНМО-ро ташкил медиханд. Яъне нишондихандахои расмии мо аз нишондихандахои чахони кам асту зиёд не. Барои хамин, дар чунин холат истифодаи калимаи "аксарият" нодуруст мебошад, чунки гирифтори ба бемории ВНМО дар байни кудакони Чумхурии Точикистон холати гайримукаррари надорад. Сабабхои гирифторшавии кудакон бошад, аслан аз модарони гирифтори ВНМО, тамос бо хун ва дар баъзе холатхо рохи гузариш номаълум мебошад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов