Cалом!
Пайдоиши догхои сиёх (гиперпигментацияи пуст) дар пусти бадан аслан ин дар натичаи дигаргуншавии фаъолияти гадудхои усораи дохили(гадуди болои гурда, гадудхои чинси, гадуди талхадон, чигар) бадан рух медихад. Инчунин ин гуна тагирот дар мавриди вайроншавии таносуби норасоии витаминхо (вит.С), захролудшавии бадан дар натичаи беморихои сироятии (сил, варача, бемории соддатаринхо ва тухми гичча) вайроншавии мубодилаи моддахо (пеллагра, порфирия) ба вучуд меояд. Дар шахсоне,ки синну солашон аз 40-сола боло мебошанд ин холат бисёртар вомехуранд. Сабаби ин ба он вобаста мебошад, ки фаъолияти гадудхои усораи дохили ва узвхои репродуктиви дар занхо ру ба таназул меоранд, яъне катъ гардидани холати хайзбини(климакс).
Бо эхтиром,
Кахоров Исохон.