Салом! Гарднереллез – ин бемориест, ки мустақиман бо номутавозунии микрофлораи маҳбал алоқаманд аст. Сарфи назар аз аломатҳои ба назар хеле содда, гарднереллёз аз сабаби эҳтимолияти илова кардани сирояти дуюмдараҷаи – микроорганизмҳо ба монанди микоплазма, уреаплазма, хламидиоз, кандидҳо ва ғайра ва рушди мушкилоти илтиҳобӣ (эндометрит, вагинит/колпит, салпингоофорит) хатарнок аст.
Бо эҳтиром, табиб Разоқов Ҳ.О.