Салом! Сифилис (оташак) - ин бемории бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошад,ки пӯст,луобпардаҳои аёнӣ,узвҳои дохила,устухонҳо,системаи асабро сироят мекунаду барангезандааш бактерияи трепонема паллидум мебошад. Зарари бебозгашт ба узвҳои дохилӣ ва системаҳои муҳими бадан вуҷуд дорад. Дар пӯст силҳои сироятӣ ва гуммаҳо ба вуҷуд меоянд, ки метавонанд давра ба давра пайдо шаванд ва доғҳо боқӣ монанд. Чунин марҳилаҳои сифилис бо осеби параллелӣ ба майна, системаи дилу рагҳо, устухонҳо, ҷигар ва чашмҳо инкишоф меёбанд.
Бо эҳтиром,табиб Разоқов Ҳ.О.