Салом! Псориаз — ин як бемориест, ки дар он системаи иммунии инсон иштибоҳан ба ҳуҷайраҳои солими пӯст ҳамла мекунад. Дар натиҷа, дар рӯи он пулакчаҳои нуқрамонанд пайдо мешаванд, ки метавонанд хеле хориш кунанд ва ҳатто дардовар бошанд. Баъзан беморироилтиҳоби буғумҳо ва чашмҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо, мутаассифона, псориазро якбора пурра табобат кардан ғайриимкон аст. Вазифаи аввалиндараҷаи табибон аз он иборат аст, ки беморро ба ҳолати ремиссия гузаронанд, ки метавонад аз шаш моҳ то якчанд сол давом кунад.
Бо эҳтиром табиб Разоқов Ҳ.О.