Салом! Псориаз (шукуфаи фалсӣ)- ин бемории музмини илтиҳобии пӯст бо сабабҳои гуногуни инкишоф ва зуҳуроти генетикӣ буда,барояш мавҷудияти гиреҳчаҳои инфилтративӣ,дамидаҳои бо пулакчаҳои нуқрамонандисафедтоб пӯшидашуда ва пӯстпартоӣ хос мебошад. Дар рушди ин беморӣ тамоюли меросӣ, вайроншавии системаи иммунӣ, эндокринӣ, асабҳо ва ғайра аҳамияти муҳим доранд. Фарзандони Шумо метавонанд, ки ба ин беморӣ гирифтор нашаванд.
Бо эҳтиром, табиб Разоқов Ҳ.О.