Салом! Хоришак(Скабиес) – ин бемории сироятии пӯст аст,ки сабаби пайдоишаш канаи хориш мебошад. Хоришак асосан дар рӯзгор дар натиҷаи тамосгирӣ паҳн мегардад. Одам ҳангоми аз шахси бемор гузаштани кана, ҳангоми бевосита бо бемор робита доштанаш, аз сару либос ва чизу чораи ӯ истифода бурдан сироят меёбад. Ҳангоми ин беморӣ агар аллергизатсия дода бошад, ҳатман аз чизҳои боддор, тезу шӯр, газдор, нӯшокиҳои спиртӣ парҳез намудан лозим аст.
Бо эҳтиром табиб-Разоқов Ҳ.О.