Салом! Сабабҳои сафед шудани забон зиёданд. Метавонад аз ҳисоби сирояти замбӯруғӣ бошад, инчунин метавонад аз ҳисоби хӯрока, норасоии витаминҳо, гигиенаи нодуруст, одатҳои бад (сигору нос), дандонҳои протезӣ ва ғайра сафедшавӣ ба амал ояд. Ҳангоми ин ҳолат ба табиби оилавии ҷойи истиқомат муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром табиб-Разоқов Ҳ.О.