Салом! Дар сатҳи пӯсти ҳамвор замбӯруғ(грибок) пайдо мешавад, ки микроспория меноманд. Микроспория – ин як дематофитияи хеле сирояткунандаест, ки сабабаш замбӯруғҳои насли Microsporum мебошад. Дар пӯсти ҳамвор манбаи иллат ба шакли доғҳои эритематозии аз сатҳи пӯст баландшуда бо сарҳадҳои равшан пайдо мешаванд. Ҳангоми пайдо шудани ин беморӣ ба худтабобатӣ машғул нашуда, ҳатман ба табиби дерматологи ҷойи зист муроҷиат намудан лозим аст.
Бо эҳтиром ,табиб Разоқов Ҳ.О.