Салом! Сифилис(оташак)- ин бемории бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошад,ки пӯст,луобпардаҳои аёнӣ,узвҳои дохила,устухонҳо,системаи асабро сироят мекунаду барангезандааш бактерияи трепонема паллидум мебошад. Ин беморӣ ба давраҳои гуногун тақсим мешавад. Як намудаш ин шакли ниҳонӣ(скрытая форма) мебошад, ки ҳангоми он ягон аломат дида намешавад (ғайр аз таҳлили хун). Ин беморӣ табобати худро дорад. Барои табобат ба табиби дерматовенерологи ҷойи зист муроҷиат намудан лозим аст.
Бо эҳтиром табиб-Разоқов Ҳ.О.