Оиди САҶИ ва бемории пуст
*****
20.11.2023
Ассалому алейкум.
Ман дар заводи бытовая химия (жидкое мыло, шампунь, средство для посуды и стирка) 1 сол зиёда дар тайёр кардани ин маводҳои химияви аз кор кардам.
Пӯсти дастам акунун мекафад сӯзиш дорад корамро иваз кардам лекин дастонам дуруст намешавад. Мазь Акридерм истифода мебарам лекин сӯзишашро гум мекунад ҷои кафидаашро маҳкам мекунад. Агар мазро истифода набарам боз месӯзад мекафад. Чи гуна бояд табобат кард.
Раҳмати калон бароятон сиҳативу саломат хоҳонам.
Салом! Аз суханони Шумо маълум аст, ки бемории Шумо аз коратон вобастагӣ дорад. Дар илми тиб инро «Илтиҳоби аллергикӣ-тамосии пӯст» меноманд. Асосан ҳасосияти организм нисбати маводҳои химиявӣ баланд мешаваду дар пӯст сурхӣ, варамӣ, кафидагиҳо пайдо мешаванд. Барои ин ҳатман ба табиби дерматологи ҷойи зистатон муроҷиат намоед, барои муоинаи пурра ва табобат.
Бо эҳтиром,табиб Разоқов Ҳ.О.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо