Салом! Сифилис (оташак) - ин бемории бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошад,ки пӯст,луобпардаҳои аёнӣ,узвҳои дохила,устухонҳо,системаи асабро сироят мекунаду барангезандааш бактерияи трепонема паллидум мебошад. Барои ташхис гузоштан ҳатман таҳлилҳои хуни:РВ,РПГА,РИФ лозим меояд. Табобати ин беморӣ аз рӯи дастури клиникии№828 аз 26.10.2019сол фармуда мешавад. Давомнокии табобат вобаста аз намуди беморӣ мебошаду ҳатман дар беморхона (дар зери назорати табиби венеролог) гузаронида мешавад. Хароҷоти доруворӣ низ вобаста аз кадом давра будани беморӣҳисоб карда мешавад.
Бо эҳтиром табиб-Разоқов Ҳ.О.