Салом! Сифилис(оташак) - ин бемории бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошад, ки пӯст, луобпардаҳои аёнӣ, узвҳои дохила, устухонҳо, системаи асабро сироят мекунаду барангезандааш бактерияи трепонема паллидум мебошад. Ин беморӣ ба давраҳои гуногун тақсим мешавад. Як намудаш ин шакли ниҳонӣ (скрытый форма) мебошад,ки ҳангоми он ягон аломат дида намешавад (ғайр аз таҳлили хун).
Барои ташхис гузоштан ҳатман таҳлилҳои хуни: РВ, РПГА, РИФ лозим меояд. Он бародаре, ки барои патент хун супоридаасту хунаш натиҷаи мусбӣ(+) нишон додаст, бояд такроран аз муоина гузараду таҳлилҳои дар боло овардаро аз нав супорад.
Бо эҳтиром табиб-Разоқов Ҳ.О.