Салом! Мӯйрезиш (алопеция)(бемӯйӣ) - ин равиши патологист, ки боиси
қисман ё пурра нобуд шудани мӯӣҳо дар ҷойҳои алоҳидаи сар ё тана
мебошад. Мӯйрезишро аз рӯи аломатҳо ба: лонашакл,диффузӣ ва
омехта ҷудо мекунанд.
Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ гуногун аст.Дар Шумо шакли
«лонашакл»-и ин беморӣ дида мешавад. Барои муоинаи пурра ва
табобат ба мутахассис муроҷиат намоед. Пас аз гирифтани таҳлилҳои
лозима ба Шумо табобати хос фармуда мешавад. Метавонед ба МШБПЗ
муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром табиб Разоқов Ҳ.О