Салом!
Сафедшавии пӯст –ин аз ҳисоби кам шудани пигменти пӯст,ки меланин ном дорад,ба амал меояд. Сабабҳои сафедпӯстӣ зиёданд. Барои муайян намудани намуди сафедпӯстӣ ҳатман ба мутахассис муроҷиат намудан лозим меояд. Пас аз муоинаи пурра ва таҳлилҳои лозима беморӣ муайян карда мешаваду табобати хос фармуда мешавад. Метавонед, ки ба МШБПЗ-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоед, ё тариқи телефон дар тамос шавед.
Бо эҳтиром,табиб Разоқов Ҳ.О.