Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Салом ба хонандагону устодон. Хами хаво камтар хунук шава ман то 10 бора пешоб мекунам, ва дар охири пешоб бо дастам мешакам ба хамаи пешоб мебароя алакай хунуки дорам, ягон тавсия медодед бо рохи мазь мешуд бисёр хуб мешавад, ман дар ш.Русия.2) да даруни баняи руси дар харорати баланд медроем ва ним соат гарми нафас мекашем оё зарар дорад ё не? Баъдан оби хунука мешошан да бадан то ки гармии дарун равад, бо ин рох хунукии банда мебарояд? Худо нигахбонатон.

Ассалом ба Шумо ва шахсоне, ки ин саволро мутолиа менамоянд.

Баъдан барои муоинаи пурраи лаборатори  намудан (агар ин шароит мухаё бошад) ва ташхисгузори намудани он кисмати узвхои бадан, ки гирифтори ин ва ё он нуксон мебошанд ин санчишхоро бояд супорид.

  • Молишак  аз уретра (пеш аз пешоб намудани пагохирузи).
  • Санчиши шарбати гадуди простата.
  • Санчиши Спермограмма.
  • Узи –узвхои  чинси ва пешоббарор.
  •  Баъди гирифтани натичаи санчишхо ба назди табиби уролог мурочиат бояд намуд. Ин шикоятхои пешниходнамуда аслан хоси илтихоби  найчаи пешоббарор  ва газаки(илтихоби) гадуди  простата мебошад.

    Муоличаи ин бемори вобаста аз дарачаи бемори, яъне давраи (I-ум, II-юм ва III-юм)  таъинот карда мешавад. Танхо бо истифода  аз 1 ё 2 намуд  малхам рафъи  ин бемори  гайри имкон мебошад.

    Табобати гадуди простата аслан умумимустахкамкунии бадани(общеукрепляюшие), зиддиилтихоби (протвовоспалительное), маводхои доруворие, ки барои муътадил гардонидани гардиши хуни мавзеъи чатан (препараты улучшающие микроциркуляции обл. промежности),доруворихое, ки кобилияти эррективии узви чинсии мардонаро баланд мебардорад ва инчунин амалиётхои физиотерапевти аз чумлаи ( масхи мавзеъи чатан бо эрректрон, дастгохи Витяьз, истифодаи махсус лойхои табобати, гармобахо, хукна ва гайрахо тавсия карда мешаванд.    

    Бо эхтиром,

    Исохон Кахоров.


    Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

    Саволҳо ва ҷавобҳо

    Мушовирони мо

    Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

    • usaid russ
    • logo spirit america  afif
    • OSI russ
    © 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
    Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.